Моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон меравад

Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманаҳалли Малайя Кришна, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманаҳалли Малайя Кришна, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бахусус оид ба ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, маориф ва фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра табодули назар карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иброз дошт, ки дар арафаи таҷлили 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки 29 августи соли 2012 дар назар аст, баргузор гардидани Конфронси сафирони Ҳиндустон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе як иқдоми хубе дар густариши муносибатҳои байни ду кишвар мебошад. Ӯ илова намуд, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкории ду давлат дорои имконоту зарфиятҳои то ба ҳадди қаноатбахш истифоданошуда буда, ҳарду ҷониб барои татбиқи онҳо бояд кӯшишу талошҳои бештар ба харҷ диҳанд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба масоили мубрами байналмилалӣ, аз қабили низоми коҳишёбандаи молиявии ҷаҳонӣ, мӯътадилсозии вазъият дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Интизорӣ меравад, ки имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҳиндустонро сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар огаҳӣ ёфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли равон бо сафари расмӣ ба Ҳиндустон ташриф меорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.