Натиҷагирӣ аз нахустин озмуни сурудхонӣ дар гӯшаҳои Амрико

spot_imgspot_img

Дата:


Сафир Кен Гросс дар якҷоягӣ бо мудири радиои Ватан Вера Кулакова-Браннеруд ва овозхони маъруфи гурӯҳи “Шамс” Нобовар Чаноров барномаи ҷамъбастии Нахустин озмуни сурудхонӣ дар гӯшаҳои Амрикоиро доварӣ намудаанд. Чорабинии мазкур дар Гӯшаи Амрикоии ш. Душанбе, вокеъ дар бинои Китобхонаи миллӣ бо иштироки беш аз 150 нафар баргузор гардид. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барои қадрдонӣ намудани ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон ва таблиғ намудани омӯзиши забони англисӣ тавасутти фарҳанги оммавӣ ва мусикӣ, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе озмуни сурудхониро дар саросари кишвар ташкил намуд. Дар давоми ду моҳи охир озмунҳои минтақавӣ дар шаш гӯшаи Амрикоии саросари Тоҷикистон – дар Душанбе, Хуҷанд, Ғарм, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ баргузор гардидаанд. Зиёда аз 100 иштирокчиёни синни аз 16 то 25-сола дар ин озмунҳои минтақавӣ ширкат варзидаанд. Аз ҳар як гӯшаи Амрикоӣ барои дар барномаи ҷамъбастии озмун муаррифӣ намудани минтақа як нафар ғолиб интихоб карда шуд. Шахсони зерин дар озмунҳои минтақавӣ ғолиб баромаданд: Муқаддас Раҳмонова аз ш. Душанбе, Парвиз Юсупов аз ш. Хуҷанд, Фарангис Бобиева ва Моҳира Мамаҷонова аз ш. Гарм, Ҳомид Холов аз ш. Қӯргонтеппа, Нигораи Салим аз ш. Кулоб, ва Амир Мамадамбаров ва Ҷума Мамадамонов аз ш. Хоруғ.

Илова бар ғолибони ниҳоӣ, дар барномаи имрӯза инчунин якчанд иштирокчиёни озмуни минтақавии ш. Душанбе ширкат варзидаанд. Дар фарҷоми намоиш ба се ғолиби аввалин ҳадяҳо тӯҳфа карда шудаанд. Ҷои сеюмро Парвиз Юсупов аз ш. Хуҷанд ва ҷои дуюмро Нигораи Салим аз ш. Кулоб ишғол намуданд, ва сохиби ҷоизаи Нахустин озмуни сурудхонӣ дар Гӯшаҳои Амрико Муқаддас Раҳмонова аз ш. Душанбе гардид.

Ба чузъ аз ҷоизаҳои фардӣ, ғолиби ҷоизаи аввалин сазовори ҷоми озмуни сурудхонии гӯшаҳои Амрикоӣ гардид. Ин ҷом то озмуни соли оянда дар гӯшаи Амрикоии Душанбе боқӣ мемонад.

Гӯшаҳои Амрикоӣ дар натиҷаи ҳамкории байни Бахши робита бо ҷомеъаи Сафоратҳои Амрико ва муасиссаҳое, ки ин гӯшаҳоро дастгирӣ менамоянд, таъсис дода мешаванд. Гӯшаҳои Амрикоӣ марказҳои махсуси иттилоотӣ буда, дар назди мактабҳо, китобхонаҳо, ва дигар муасиссаҳои ҳамкор дар саросари ҷаҳон барои шинос намудани мизоҷон бо Иёлоти Муттаҳида мусоидат мекунанд. Гӯшаҳои Амрико заминаи ҳамаҷонибаро барои амалӣ намудани барномаҳои Бахши робита бо ҷомеаро таъмин менамояд ва инчунин маводи чопӣ, мултимедиа, ва ғайраро, ки  ба мубоҳисаҳои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунанд, дастрас менамоянд. 

Гӯшаҳои Амрико аз маҷмӯаи китобҳо бо забони англисӣ аз Иелоти Муттаҳида ва дар бораи он иборат мебошанд. Маҷмӯаҳои мазкур нашрҳои маълумотдиҳанда, маводҳои иттилоотӣ аз Дафтари Департаменти давлатии ИМА оид ба барномаҳои байналмилалии иттилоотӣ, асарҳои бадеӣ, нашрияҳои иктисодӣ ва давлатӣ ва маводҳо барои омӯзиши забони англисиро дар бар мегиранд. Гӯшаҳо инчунин шабакаи интернет, маводҳои сабтӣ овоз ва тасвирӣ, CD ва DVD-ҳои ройгонро дастрас менамоянд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...