Боздошти маблағгузорӣ ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифт, ки маблағгузорӣ ба рушди пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро алҳол мутаваққиф созад, зеро «гуфтушунид доир ба масоили будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон пас аз соли 2014 ба мушкилӣ ҷараён дорад». Бино ба маълумоти хабаргузории «Интерфакс», сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров дар робита ба ин масъала […]

ASIA-Plus


Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифт, ки маблағгузорӣ ба рушди пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро алҳол мутаваққиф созад, зеро «гуфтушунид доир ба масоили будубоши он дар қаламрави Тоҷикистон пас аз соли 2014 ба мушкилӣ ҷараён дорад».

Бино ба маълумоти хабаргузории «Интерфакс», сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерали артиш Николай Макаров дар робита ба ин масъала гуфтааст, «гуфтушунид дар ин хусус ба мушкилӣ ҷараён дорад, вале мо умедворем, ки дар ниҳояти кор ақли солим ғолиб хоҳад омад».

Ӯ хотирнишон сохтааст, ки миёни ду кишвар дар хусуси имзои протокол оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон баъди соли 2014 мувофиқа ҳосил шуда, имзои он дар семоҳаи аввали соли 2012 пешбинӣ гардида буд.

«Мутаассифона, ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Тоҷикистон ногаҳон якравӣ карда, мо маҷбур шудем, ки то возеҳу аён шудани вазъ маблағгузорӣ барои ободонии пойгоҳро боздорем», – таъкид кардааст генерали рус.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.