Муаррифии маҳсулоти ширкатҳои қазоқистонӣ дар Душанбе

Рӯзи 5-уми июл дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest»-и Вазорати саноат ва технологияҳои навини Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмон дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи 5-уми июл дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest»-и Вазорати саноат ва технологияҳои навини Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, 16 корхонаи истеҳсолии Қазоқистон дар бахшҳои мошинсозӣ, кимиёвӣ, дорусозӣ, маҳсулоти ғизойӣ ва ғайра бо харидорони имконпазири маҳсулоташон гуфтушунид анҷом медиҳанд.

Тайи се соли ахир намояндагони доираҳои тичоратии Қазоқистону Тоҷикистон бори сеюм аст, ки бо ҳам дидору гуфтушунид мекунанд.

Аз ҷониби Тоҷикистон иштироки беш аз 100 корхона пешбинӣ мешавад, ки ба харидани маҳсулоти тайёри ширкатҳои қазоқистонӣ манфиатдоранд.

Дар муқоиса бо соли 2009-ум соли 2011 ҳаҷми содироти маҳсулоти Қазоқистон ба Тоҷикистон ба андозаи 49% ё худ аз 240,3 млн. $ то ба 357,4 млн. $ афзуд. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшуда дар ин давра 46% зиёд шуд. Соли 2011 Қазоқистон асосан маводи ғизойӣ ва маҳсулоти минералӣ содирот намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.