Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари расмӣ ба Ҳиндустон даъват карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Малайя Кришнаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соманахалли Малайя Кришна даъватномаи президент ва сарвазири Ҳиндустонро ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба ин кишвар тақдим намуд. Тавре зикр гардид, сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон, ки […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Малайя Кришнаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соманахалли Малайя Кришна даъватномаи президент ва сарвазири Ҳиндустонро ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба ин кишвар тақдим намуд. Тавре зикр гардид, сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон, ки дар моҳи сентябри соли равон дар нақша аст, таконбахши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар хоҳад буд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амниятию низомӣ ва фарҳангию маърифатии ду кишвар баррасӣ гардид. Аз натиҷаҳои 20 соли муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муддат 35 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, заминаи хуби ҳамкорӣ муҳайё гардидааст. Бо иштироки сармояи Ҳиндустон ҳоло дар Тоҷикистон 5 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва нерӯгоҳи Варзоб-1 навсозӣ мешавад.

Бо зикри натиҷаҳои намоёни ҳамкорӣ, ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз хеле зиёданд.

 Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва доир ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавассути қаламрави ин кишвар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.