Кормандони БДА иди касбиашонро ҷашн гирифтанд

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон иди касбии худро ҷашн гирифтанд. Рӯзи 3-уми июл рӯзи таъсисёбӣ ва ташкили ин бахш ба шумор рафта, вобаста ба иди касбии кормандони ин бахш дар бинои РБДА ВКД чорабинии бошукуҳе доир гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, собиқадорони ин бахш ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои […]

ASIA-Plus


Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон иди касбии худро ҷашн гирифтанд.

Рӯзи 3-уми июл рӯзи таъсисёбӣ ва ташкили ин бахш ба шумор рафта, вобаста ба иди касбии кормандони ин бахш дар бинои РБДА ВКД чорабинии бошукуҳе доир гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, собиқадорони ин бахш ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он дар ҷойҳо иштирок доштанд.

Инчунин бахшида ба ин санаи фарахбахш ошёнаи 4- ум дар бинои Раёсати БДА ба истифода дода шуд, ки  аз ду толори машваратӣ ва маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ҳуҷраи тестӣ ва 8 ҳуҷраи хизматӣ бо тамоми таҷҳизот иборат мебошад, ки он тӯҳфаи арзандае буд барои кормандони ин бахш.

Дар анҷоми чорабинии идона беҳтарин кормандони ин бахш, рӯзноманигороне, ки дар ташвиқу тарғиби риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва низому тартибот саҳми арзанда доранд ва собиқадорони бозрасии давлатии автомобилӣ бо нишони сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Ҳамчунин кормандони шуъбаи БДА-и вилояти Хатлон низ иди касбии худро ҷашн гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ШБДА-и вилоят хабар доданд, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилоятро муовини сардори РБДА Зикрулло Расулов бо иди касбиашон табрик гуфта, ба кормандони пешсаф унвонҳои навбатии хидматиро тақдим намуд.

Сардори ШБДА-и вилояти Хатлон Хӯҷамурод Холов зимни суханрониаш изҳор дошт, ки сол то сол шароити фаъолияти кормандон беҳтар гардида, дар ноҳияи Муъминобод бинои шуъбаи БДА, дар ноҳияҳои Данғараву Фархор посгоҳҳо ба истифода дода шуда, сохтмони бинои шуъбаи БДА дар ноҳияи Қумсангир идома дорад.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми адои вазифаҳои хидматӣ фавтида буданд, кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.