Эълони ғолибони озмуни «Роҳи бехатар-2012» миёни журналистон

Дар бинои Раёсати БДА–и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 76-умин солгарди таъсисёбии БДА маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2012» миёни журналистон доир гардид. Озмуни мазкур аввали соли равон аз ҷониби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА эълон шуда буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Пӯлод […]

Аваз Юлдошев


Дар бинои Раёсати БДА–и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 76-умин солгарди таъсисёбии БДА маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2012» миёни журналистон доир гардид. Озмуни мазкур аввали соли равон аз ҷониби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА эълон шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, бо қарори ҳакамон дар номинатсияи «Инъикоси беҳтарини фаъолияти РБДА ВКД ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Додоҷон Рӯзиев, дар номинатсияи «Инъикоси беҳтарини мавзӯи садамаҳои нақлиёт миёни наврасону кӯдакон» журналисти мустақил Ҳотами Ҳомид, дар номинатсияи «Беҳтарин силсилаи мавод оид ба таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» корманди маркази матбуоти РБДА Аҳмадулло Нарзиқулов, дар номинатсияи «Маводи беҳтарин дар бораи корманди БДА» хабарнигори ҳафтавори «Вечерний Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова, дар номинатсияи «Маводи беҳтарини радиоӣ» муҳаррири барномаҳои радиои «Ватан» Субҳони Ҷалил, дар номинатсияи «Маводи беҳтарини таҳлилии телевизионӣ» муҳаррири барномаҳои телевизиони давлатии «Сафина» Таҳмина Ҳасанова ва дар номинатсияи «Инъикоси беҳтарини мавзӯи муносибат миёни ронанда, роҳгузар ва корманди БДА» муҳаррири барномаҳои телевизиони «Шабакаи аввал» Абдулло Муҳаммадиев ғолиб дониста шуданд.

Ба гуфтаи Нуров, ҷалби васоити ахбори умум ба раванди ташакккули фазои иттилоотии мусоид барои амалисозии барномаи давлатии такмили чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тақвияти фаъолияти муштараки воҳидҳои БДА бо ВАО-и марказӣ ва минтақавӣ аз ҷумла ҳадафҳои аслии озмун маҳсуб меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.