Вазорати меҳнати Русия ба ҳукумати кишвар ворид намудани муҳоҷирони корӣ ба низоми нафақаи Русияро пешниҳод кардааст.
Бино ба маълумоти gazeta.ru, вазорат пешниҳод кардааст, ки тамоми муҳоҷирини корӣ, ашхоси «касбҳои озод» ва афроди мустақилона шуғлдошта, аз ҷумла таксиронони хусусӣ, мураббиён ва ғайра бояд ба низоми нафақаи Русия шомил гарданд. Бо назардошти арзиши соли бима (суғурта)-и аз ҷониби давлат ҳисобшуда, онҳо бояд аъзоҳаққӣ супоранд.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн. шаҳрвандони тоҷик муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр карда, аксари онҳо дар Русия будубош доранд.


