Тақдими беш аз 4 ҳазор нусха китоб ба китобхонаҳои Суғд

Дар доираи амалисозии барномаи «Рушди кори китобхона дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012» Палатаи китоби ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд ҳудуди 4,5 ҳазор нусха китобҳои тозанашрро тақдим намуд, ки миёни китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи китоби Тоҷикистон хабар доданд, мутобиқи барномаи дар боло зикршуда, ҳамасола китобхонаҳои вилояти […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи амалисозии барномаи «Рушди кори китобхона дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012» Палатаи китоби ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд ҳудуди 4,5 ҳазор нусха китобҳои тозанашрро тақдим намуд, ки миёни китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи китоби Тоҷикистон хабар доданд, мутобиқи барномаи дар боло зикршуда, ҳамасола китобхонаҳои вилояти Суғд аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 30 ҳазор нусха китоб мегиранд.

«Ояндаи наздик ба ин монанд «Корвонҳои китоб» ба ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ фиристода мешаванд», – қайд кард намояндаи Палатаи китоб.

Ба қавли ӯ, мутобиқи барномаи «Рушди кори китобхона дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012», ҳамасола аз буҷети давлатӣ баҳри ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.