Мусодираи як миқдор ҳашиш дар гузаргоҳи Панҷи Поён

Кормандони хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар минтақи ҷануби кишвар як миқдор маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, санаи 2-юми июл дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён барои азназаргузарони гумрукӣ автомашинаи тамғаи «Дулан» таҳти идораи н.Н.-29-сола, ки семент мекашонид, манъ шудааст. «Таҷҳизоти муосири назоратии «Рапискан», ки дар гузаргоҳ […]

ASIA-Plus


Кормандони хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар минтақи ҷануби кишвар як миқдор маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, санаи 2-юми июл дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён барои азназаргузарони гумрукӣ автомашинаи тамғаи «Дулан» таҳти идораи н.Н.-29-сола, ки семент мекашонид, манъ шудааст.

«Таҷҳизоти муосири назоратии «Рапискан», ки дар гузаргоҳ насб шудааст, маводи хатарнок дар автомашинаро муқаррар кард», – гуфтанд дар хадамот.

 Ба иттилои манбаъ, дарвоқеъ пас аз кофтукови дохили автомашина як пинҳонгоҳе бо бастаҳои селлофании дорои 6 килову 777 грам маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Ронанда ин миқдор маводи мухаддирро аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ интиқол доданӣ буд. Феълан аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.