Соли оянда ҲНИТ 40-солагиашро ҷашн мегирад

Соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 40-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифтанист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, чорабиниҳои ҷашнӣ моҳи апрели соли 2013 доир мегарданд. «Рӯйхати чорабиниҳои ҷашниро то ахири соли равон Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасдиқ хоҳад кард», – гуфт ӯ. Ёдрас мекунем, ки 20-уми апрели соли 1973 бо ташаббуси […]

Аваз Юлдошев


Соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 40-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифтанист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, чорабиниҳои ҷашнӣ моҳи апрели соли 2013 доир мегарданд.

«Рӯйхати чорабиниҳои ҷашниро то ахири соли равон Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасдиқ хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми апрели соли 1973 бо ташаббуси марҳум Сайид Абдулло Нурӣ ба таври пинҳонӣ Наҳзати ҷавонони исломихоҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати муассисони он ҳамчунин Қорӣ Муҳаммадҷон, Эшони Неъматулло, Ҳоҷӣ Қаландар ва Халиди Абдусалом низ шомил буданд.

Пас аз ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон дар заминаи иттиҳоди мазкур Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис ёфт. ҲНИТ баҳори соли 1992 расман сабти ном шуда, сарварии онро Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба дӯш гирифт.

Соли 1993 фаъолияти ҲНИТ боздошта шуда, моҳи августи соли 1999 дар чаҳорчӯби татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27-уми июн дар Маскав ба имзо расид, ҲНИТ дубора ба қайд гирифта шуда, ба фаъолияти худ дар қаламрави ҷумҳурӣ идома дод.

Айни замон шумори аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ ду нафар аъзои ҲНИТ вакил интихоб шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.