Оғози тамринҳои низомии «Ҳифз-2012» дар Хоруғ

Имрӯз дар машқгоҳи «Тем» воқеъ дар наздикии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ тамринҳои мукаммали низомии фавриву тактики «Ҳифз-2012» оғоз мегарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар тамринҳо ҷузъу томҳои низомии гарнизони Хоруғ, воҳидҳои сохторҳои қудратии мустақар дар ВМКБ ва ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар машқгоҳи «Тем» воқеъ дар наздикии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ тамринҳои мукаммали низомии фавриву тактики «Ҳифз-2012» оғоз мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар тамринҳо ҷузъу томҳои низомии гарнизони Хоруғ, воҳидҳои сохторҳои қудратии мустақар дар ВМКБ ва ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок мекунанд.

Тамринҳо то 10-уми июл идома ёфта, ба он нерӯҳои ҳавоӣ, бронетехника ва аслиҳаву муҳимоти оташфишон ҷалб мегарданд. Ба тамринҳо муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ, сардори ситоди кулли Вазорати мудофиа генерал-лейтенант Рамил Нодиров фармондеҳӣ мекунад.

Дар тамринҳо ташкили фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ дар баргузории амалиётҳои низомӣ дар шароити баландкӯҳ мавриди омӯзишу амал қарор гирифта, ҳамчунин қобилияту малакаҳои сарбозону афсарони гарнизони Хоруғ санҷида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.