Собиқ кормандони милиса ҷаримабандӣ ва аз толори суд озод шуданд

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ сардори боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов ва собиқ ҳамкори ӯ Мусулмон Холматовро аз толори суд озод кард. Суд Тошматовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 319, қ. 2 (Гирифтани пора) ва 314, қ. 1 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ ва Мусулмон Холматовро танҳо дар амалҳои […]

Сайраҳмон Назриев


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ сардори боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов ва собиқ ҳамкори ӯ Мусулмон Холматовро аз толори суд озод кард.

Суд Тошматовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 319, қ. 2 (Гирифтани пора) ва 314, қ. 1 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ ва Мусулмон Холматовро танҳо дар амалҳои ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 314, қ.1 гунаҳкор эътироф кард.

Бо назардошти собиқаи кории зиёд дар сафи ВКД ва вазъи оилавии Тошматов, суд ҷазои муҳлати зиндонро ба ҷарима дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ иваз кард. Чун Тошматов муддати 109 рӯз дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошт, ҳаҷми ҷарима то 4 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ғайр аз ин, ӯ ба муддати ду соли оянда аз ишғоли мансаб дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ маҳрум гардид.

Корманди дигари милиса Холматовро суд ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва чун ӯ низ муддати 109 рӯз дар маҳбас қарор дошт, ҳаҷми ҷарима то 7 ҳазору 280 сомонӣ кам гардид.

Ду нафар маҳбусони фирорӣ Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхонов, ки қаблан ба муддати 6 соли зиндон маҳкум шуда буданд, муҳлати ҷазояшон мутаносибан то 7,6 ва 8,6 сол зиёд гардид.

Собиқ сардори боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки аз ҳукми суд розӣ ва аз болои он ба ҳеҷ куҷо шикоят бурданӣ нест. «Мо худро гунаҳкор мешуморем ва аз ҳукми суд розӣ ҳастем», – гуфт собиқ корманди милиса.

Адвокати ӯ Ғулом Бобоев зикр кард, ки ӯ ҳам аз ҳукми суд қаноатманд аст. «Дар мурофиа далелҳои мо оид ба пурра бегуноҳ эътироф кардани Тошматов тибқи модда 319 ба инобат гирифта нашуданд, лекин ман аз ҳукми суд комилан қаноатмандам. Аз ҳама асосиаш озод шудани онҳо аст», – афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби риоя накардани дастурҳои мансабӣ аз ҷониби ин ду корманди милиса ба ду нафар маҳкумшуда муяссар шуд, ки фирор кунанд.

Санаи 14-уми марти соли равон суди ноҳияи Шаҳритӯс шаҳрвандон Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхоновро ба дуздӣ муттаҳам дониста, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Пас аз ду рӯз кормандони боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритӯс Тошматов ва Холматов бояд маҳкумшудагонро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол медоданд. Аммо маҳкумшуда Шерхонов ба онҳо 100 сомонӣ маблағ пешниҳод намуда, дархост мекунад, ки иҷозат диҳанд, ҳамсарашро низ ба мошин гирифта, дар соҳили дарё дар ноҳияи Қубодиён бо ӯ мулоқот кунад.

Пас аз ин онҳо маҳкумшудагонро бидуни дастбанд ҳамроҳӣ намуда, дар яке аз қаҳвахонаҳои сари роҳ таваққуф мекунанд, то ки ғизо тановул намоянд. Ҳангоми наздик шудан ба боздоштгоҳи мувақкатӣ онҳо муддате маҳкумшудагонро дар мошин беназорат мегузоранд ва онҳо аз ин фурсати қулай истифода бурда, рӯ ба гурез мениҳанд.

Баъдтар маҳкумшудагони фирорӣ боздошт шуданд. Прокуратура нисбат ба ин амали кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ Тошматов ва Холматов парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.