Тақдими беш аз 4 ҳазор нусха китоб ба китобхонаҳои Суғд

Date:


Дар доираи амалисозии барномаи «Рушди кори китобхона дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012» Палатаи китоби ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд ҳудуди 4,5 ҳазор нусха китобҳои тозанашрро тақдим намуд, ки миёни китобхонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи китоби Тоҷикистон хабар доданд, мутобиқи барномаи дар боло зикршуда, ҳамасола китобхонаҳои вилояти Суғд аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 30 ҳазор нусха китоб мегиранд.

«Ояндаи наздик ба ин монанд «Корвонҳои китоб» ба ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ фиристода мешаванд», – қайд кард намояндаи Палатаи китоб.

Ба қавли ӯ, мутобиқи барномаи «Рушди кори китобхона дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012», ҳамасола аз буҷети давлатӣ баҳри ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related