Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода аз ҳамтои русиягии худ Владимири Лукин дархост кардааст, ки ба ошкор сохтани сабабҳои марги шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Ғаффорова дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кургани Русия мусоидат намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд.
Шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Ғаффорова ахири соли гузашта ба назди шавҳараш, шаҳрванди ҶТ ва Русия Бегмуҳаммад Ғаффоров сафар мекунад. Дар фурудгоҳи шаҳри Красноярск кормандони Хадамоти федералии амнияти Русия ӯро гӯё ба гумони ташкили вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия ва транзити ғайриқонунии онҳо тавассути қаламрави ин кишвар боздошт мекунанд.
Нисбат ба ӯ чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ гардида, Ф.Ғаффорова ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Курган фиристода мешавад. Дар он ҷо ӯ 9-уми марти соли равон ба ҳалокат расид. Ба қавли хешовандони зани марҳум, онҳоро дар бораи боздошти ӯ касе огоҳ накарда, ҳамчунин Ғаффорова бо вакили мудофеъ таъмин нашуда будааст. Ба эътиқоди хешовандони зан, осори дар ҷисми зан пас аз марг ошкоршуда гувоҳи онанд, ки дар боздоштгоҳ Ф.Ғаффорова мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.



