Омбудсмен ба қазияи марги шаҳрванди тоҷик дар тавқифгоҳи Русия расидагӣ мекунад

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода аз ҳамтои русиягии худ Владимири Лукин дархост кардааст, ки ба ошкор сохтани сабабҳои марги шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Ғаффорова дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кургани Русия мусоидат намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд. Шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Ғаффорова ахири […]

Аваз Юлдошев


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода аз ҳамтои русиягии худ Владимири Лукин дархост кардааст, ки ба ошкор сохтани сабабҳои марги шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Ғаффорова дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кургани Русия мусоидат намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд.

Шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Ғаффорова ахири соли гузашта ба назди шавҳараш, шаҳрванди ҶТ ва Русия Бегмуҳаммад Ғаффоров сафар мекунад. Дар фурудгоҳи шаҳри Красноярск кормандони Хадамоти федералии амнияти Русия ӯро гӯё ба гумони ташкили вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия ва транзити ғайриқонунии онҳо тавассути қаламрави ин кишвар боздошт мекунанд.

Нисбат ба ӯ чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ гардида, Ф.Ғаффорова ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Курган фиристода мешавад. Дар он ҷо ӯ 9-уми марти соли равон ба ҳалокат расид. Ба қавли хешовандони зани марҳум, онҳоро дар бораи боздошти ӯ касе огоҳ накарда, ҳамчунин Ғаффорова бо вакили мудофеъ таъмин нашуда будааст. Ба эътиқоди хешовандони зан, осори дар ҷисми зан пас аз марг ошкоршуда гувоҳи онанд, ки дар боздоштгоҳ Ф.Ғаффорова мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.