Хуҷанд: Оташзании се автомашина дар назди бинои истиқоматӣ

Дар назди яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Хуҷанд шахсони номаълум се адад автомашинаро оташ заданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шаби гузашта як шахси номаълум ба қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд занг зада, хабар медиҳад, ки дар назди бинои хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Ленин 162 […]

Мавлуда Рафиева


Дар назди яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Хуҷанд шахсони номаълум се адад автомашинаро оташ заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шаби гузашта як шахси номаълум ба қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд занг зада, хабар медиҳад, ки дар назди бинои хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Ленин 162 се автомашина сӯхта истодаанд.

Ба иттилои манбаъ, ду автомашинаи тамғаи «Мерседес» ва як автомашинаи тамғаи «КИА» мавриди оташзанӣ қарор гирифтаанд. Як автомашина моли корманди бонк, автомашинаи дигар ба соҳибкор ва автомашинаи сеюм ба омӯзгор тааллуқ доштааст.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 255, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк бо роҳи оташ задан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.