Ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе

Рӯзи 5-уми июл дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest»-и Вазорати индустрия ва технологияҳои навини Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар кори ҳамоиш муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи 5-уми июл дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest»-и Вазорати индустрия ва технологияҳои навини Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар кори ҳамоиш муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулчеҳра Бозорова, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Агибой Смагулов, муовини раиси раёсати ҶС Корпоратсияи содиротӣ-қарзии бимаи «KazExpoGarant» Гулнора Ҳасанова, мудири идоракунандаи хадамоти пешбурди содироти «Kaznex Invest» ва ҳамчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия, Афғонистон, Эрон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш намояндагони ширкатҳову корхонаҳои бахшҳои гуногуни иқтисоди Қазоқистон, аз қабили «Kaznex Invest», ҶС Корпоратсияи содиротӣ-қарзии бимаи «KazExpoGarant», «КазКомБанк», ҶС «Локомотив», Ҷамъияти шариконаи масъулияти маҳдуди (ҶШММ) Каз Азот», ҶС «Южно-казахстанский машиностроительный завод», ҶШММ «Кондитерская фабрика», ҶШММ «Корона», ҶС «Химфарм» ва ғайра ҳузур доштанд.

Аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони беш аз 100 корхона, ки ба харидани маҳсулоти тайёри ширкатҳои қазоқистонӣ манфиатдоранд, иштирок намуданд.

Созмондиҳандагони чорабинӣ зикр карданд, ки баргузории ҳамоиши ҳамасолаи тоҷирони Қазоқистону Тоҷикистон ба талаботи зиёд ба маҳслоти корхонаву ширкатҳои Қазоқистон марбут аст. «Дар муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ба рушди босифат ва густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад», – таъкид доштанд онҳо.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулчеҳра Бозорова зикр кард, ки Қазоқистон яке аз шарикони бузурги тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон аст. «Дар муқоиса бо соли 2009-ум соли 2011 ҳаҷми содироти маҳсулоти Қазоқистон ба Тоҷикистон ба андозаи 49% ё худ аз 240,3 млн. $ то ба 357,4 млн. $ афзуд. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшуда дар ин давра 46% зиёд шуд», – таъкид кард Г.Бозорова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд