Даргузашти тоҷири муваффақ ва собиқ вакили парлумон

Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон пас аз бемории начандон тӯлонӣ яке аз тоҷирони муваффақи ҷумҳурӣ, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон дар нимаи солҳои 90-ум, муассис ва роҳбари ширкати «Самар» Самар Фазлиддинов дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» дӯстони наздики марҳум хабар доданд. С.Фазлиддинов муддати зиёд ба ҳайси директори корхонаи коркарди […]

Аваз Юлдошев


Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон пас аз бемории начандон тӯлонӣ яке аз тоҷирони муваффақи ҷумҳурӣ, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон дар нимаи солҳои 90-ум, муассис ва роҳбари ширкати «Самар» Самар Фазлиддинов дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» дӯстони наздики марҳум хабар доданд.

С.Фазлиддинов муддати зиёд ба ҳайси директори корхонаи коркарди нахи пахтаи ноҳияи Восеъ ифои вазифа намуда, дар ин ноҳия аввали солҳои 90-уми асри гузашта телевизиони хусусии «Мавҷи озод»-ро таъсис дод. Ӯ ҳамчунин муассиси ширкати ҳавопаймоии «Самар Эйр» мебошад.

Тибқи назарсанҷиҳои васоити ахбори умуми гуногуни Тоҷикистону ИДМ, марҳум чандин маротиба ба рӯйхати 100 нафар афроди сарватманд ва бонуфузи Тоҷикистон шомил гардида буд.

Имрӯз дар ноҳияи Восеъ маросими ҷаноза ва ба хок супурдани С.Фазлиддинов баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.