ИМА кумакҳо ба сохторҳои қудратии Тоҷикистонро афзун менамояд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки таҳти сарварии узви Палатаи намояндагон Дэн Бэртон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, гуфтугӯи муфассали судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико сурат гирифт. Дэн Бэртон Тоҷикистонро […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки таҳти сарварии узви Палатаи намояндагон Дэн Бэртон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, гуфтугӯи муфассали судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико сурат гирифт.

Дэн Бэртон Тоҷикистонро «кишвари бисёр муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ «намоён» арзёбӣ намуд. Ӯ ташрифи чунин ҳайати баландпояи Конгрессро, ки бори нахуст сурат мегирад, «нишонаи ҳавасмандии амиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» маънидод карда, изҳор дошт, ки «минбаъд чунин робитаҳо ва ҳам ҳамкории мутақобилан судманд рушд хоҳад кард».

Таъкид гардид, ки Амрико кумакҳои техникии худро ба сохторҳои низомию амниятӣ, хусусан ба нерӯҳои сарҳадӣ ва мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир идома дода, онро аз соли 2014 ба баъд барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ афзун менамояд.

Вакилони Конгресси Амрико, аз ҷумла изҳор доштанд, ки кишвари онҳо аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад.

Суҳбати ҳавасмандона, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути эҳёи Шоҳроҳи Абрешим сурат гирифт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд