Экологҳои Конибодом 150 қонуншиканиро ошкор карданд

Соли равон кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти маъмурияти шаҳри Конибодом нисбат ба шахсони масъуле, ки дар риояи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ба қонушиканӣ роҳ додаанд, 150 протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати шаҳри Конибодом Фирдавс Ёдгоров хабар дод, аз моҳи январ то моҳи май кормандони хадамоти […]

Акмал Алиев


Соли равон кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти маъмурияти шаҳри Конибодом нисбат ба шахсони масъуле, ки дар риояи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ба қонушиканӣ роҳ додаанд, 150 протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати шаҳри Конибодом Фирдавс Ёдгоров хабар дод, аз моҳи январ то моҳи май кормандони хадамоти маҳаллии экологӣ афроди қонуншиканро дар ҳаҷми 21 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,5 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

«Дар ҷараёни санҷиш шуъбаи ҳифзи муҳити зист низ 22 протокол бо ҳаҷми зарари умумии 3 ҳазору 315 сомонӣ тартиб дода, ба суди шаҳрӣ ирсол намуд, – гуфт вай. – Барои истифодабаранагони захираҳои табиат ба маблағи 88 ҳазору 606 сомонӣ пардохтҳои ҳатмии ээкологӣ ҳисоб карда шуд».

Ба қавли Ёдгоров, бо мақсади ҳифзи аҳолии дар манотиқи хавфи селфароӣ иқоматдошта, аз ҷониби Раёсати хоҷагии оби шаҳр дар 20 микрорайон ба маблағи 14,5 ҳазор сомонӣ корҳои  мустаҳкам кардани соҳилҳо анҷом дода шуда, ҳамчунин ба аҳолӣ қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд