Ҳалокати шаҳрвандони тоҷик бар асари садамаи нақлиёт дар Олой

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Олойи вилояти Оши кишвари ҳамҷавори Қирғизистон ду нафар шаҳрвандони тоҷик ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, чанде қабл дар километри 106-уми роҳи мошингарди Ош-Эркештам автомашинаи УАЗ-31512 бо шаш нафар мусофир чаппа шудааст. Бар асари садама шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Мурғоби ВМКБ Амирбек […]

ASIA-Plus


Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Олойи вилояти Оши кишвари ҳамҷавори Қирғизистон ду нафар шаҳрвандони тоҷик ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, чанде қабл дар километри 106-уми роҳи мошингарди Ош-Эркештам автомашинаи УАЗ-31512 бо шаш нафар мусофир чаппа шудааст.

Бар асари садама шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Мурғоби ВМКБ Амирбек Орунбаеви 55-сола ва ронанда Рисмат Ҷумъабоеви 25-сола ба ҳалокат расидаанд.

Чор нафар мусофирони боқимондаи автомашина бо шумули кӯдакон, ки ҳама сокинони ноҳияи Мурғоб мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони Ош мунтақил шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, автомашинаи мазкур бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба самти шаҳри Ош раҳсипор будааст. Дар километри 106-ум ронанда аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомашина ба канори роҳ мебарояд ва чаппа мешавад. Айни замон мақомоти дахлдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Олой сабаб ва ҳолатҳои рух додани садамаи нақлиётро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд