Ифтитоҳи Мактаби тобистонаи инклюзивии «Ирам» дар Суғд

Аз  8 то 21 июли соли  2012 бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад (ИҶКБ-БМ) дар Тоҷикистон бо ҳамкории Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Суғд дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон»-и вилояти Суғд (н. Ҷаббор Расулов) Мактаби тобистонаи инклюзивии «Ирам-2012» баргузор мегардад. Тавре ҳамоҳангсози […]

ASIA-Plus


Аз  8 то 21 июли соли  2012 бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад (ИҶКБ-БМ) дар Тоҷикистон бо ҳамкории Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Суғд дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон»-и вилояти Суғд (н. Ҷаббор Расулов) Мактаби тобистонаи инклюзивии «Ирам-2012» баргузор мегардад.

Тавре ҳамоҳангсози барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и ИҶК-БМ Ҷамшед Қурбоновхабар дод,


ҳ


адафи асосии баргузории Мактаби тобистонаи инклюзивӣ- ин мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии наврасону ҷавонони имконияташон маҳдуд дар ҷомеа, таъсиси муҳити дастрас, шароити истироҳати тобистона, омӯзиш ва иштироки фаъолона дар семинарҳои таҳсилотӣ, сабқатҳои мубоҳисавӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва таъсиси шабеҳи модели давлати демократӣ мебошад.   

Ба гуфтаи ӯ, дар лагер 80 нафар наврасону ҷавонони аз 14 то 20-солаи ҳамаи манотиқи кишвар, ки аз онҳо 30 нафарашон  имконияти маҳдуд доранд, иштирок мекунанд. Ҳамчунин дар кори лагер иштироки 20 нафар ташкилотчӣ- тренерон,  мутахассисони машваратгоҳи равониву тиббӣ ва педагогӣ, волидон ва ихтиёриён аз созмонҳои ҳамшарик дар назар аст. Мактаби тобистона имкон медиҳад, ки сифатҳои роҳбарӣ, тавоноӣ ва амалӣ кардани онҳо, зуҳур карда, тафаккури интиқодии ҷавонон рушд ёбад.  «Иҷтимоъгардонӣ яке аз ҷузъҳои муҳим ба шумор меравад, зеро иштироки баробари ҷавонон дар чорабиниҳо новобаста ба имконияту тавоноӣ асоси рушд ва худшиносӣ дар ҳаёти ҳаррӯза мебошад», – иброз дошт номбурда.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки барномаи мактаби тобистона бо назардошти рушди таҳсилоти инклюзивӣ, принсипҳои ҷомеаи кушода ва рушди фарҳангиву эҷодии иштирокчиён таҳия гардидааст.

«Мактаби тобистонаи инклюзивӣ барномаи комплексӣ буда, барои рушди ҷавонон дар се самт: рушди инфиродӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва фаъолмандии иҷтимоӣ равона шудааст», – афзуд Ҷ.Қурбонов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд