Чорабинии хайрияи Анҷумани сафирони Душанбе дар мактаб-интернати Ҳисор


Чанде қабл дар мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор бо иштироки сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон чорабинии хайриявӣ барпо гардид.

Бино ба махлумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 6 майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии Душанбе аз ҷониби Анҷумани Сафирони Душанбе Фестивали байналмилалии хайриявии озуқаворӣ ташкил карда шуда буд. Зимни он аъзоёни намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими шаҳри Душанбе, инчунин кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анвои гуногуни хӯрокаи миллии худро ба фурӯш гузоштанд. Шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ва хориҷиён дар ин чорабинӣ ширкат варзида, аз хӯрокаи миллии тоҷик ва таоми кишварҳои хориҷӣ харидорӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Анҷумани Сафирони Душанбе ва дастгирии Бунёди хайриявӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи дар рафти фестивали мазкур дастрасшуда ба мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор аз рӯи талаботи онҳо варақаҳои махсус барои чопи китоб барои кӯдакони нобино, дафтарҳо, китобҳо, маводҳои канселярӣ, кондитсионер ва дигар маводи лозима хайрия карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное