Вохӯрӣ бо дорандаи ҷоизаи бонуфузи «Экватор-2012»

Чанде қабл дар Дафтари Барномаи рушди СММ дар Душанбе бо иштироки директори ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин», дорандаи ҷоизаи бонуфузи «Экватор-2012» ва иштирокчии нишасти РИО+20 Муҳаббат Мамадалиева нишасти матбуотӣ доир гардид. Намояндаи доимии Барнмаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни суханрониаш изҳор кард, ки дар кори конфронси СММ оид ба рушди устувор «Рио+20» дар […]

Манижа Қурбонова


Чанде қабл дар Дафтари Барномаи рушди СММ дар Душанбе бо иштироки директори ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин», дорандаи ҷоизаи бонуфузи «Экватор-2012» ва иштирокчии нишасти РИО+20 Муҳаббат Мамадалиева нишасти матбуотӣ доир гардид.

Намояндаи доимии Барнмаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни суханрониаш изҳор кард, ки дар кори конфронси СММ оид ба рушди устувор «Рио+20» дар Бразилия беш аз 40 ҳазор нафар намояндагони 194 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, омодагии худ ба гузаштан ба роҳи устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо назардошти ҳалли мушкилоти иқтисоди «сабз» ва коҳиши сатҳи камбизоатиро изҳор намуданд. «Аксари кишварҳо барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо дар ҳаҷми умумии 513 млрд. доллари ИМА ба худ уҳдадорӣ гирифтанд, ки ба кори пешбурди ҳифзи муҳити зист дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии экологии «Зан ва Замин», номзади илмҳои биологӣ Муҳаббат Мамадалиева аз таассуроти бардоштаи худ аз конфронси мазкур ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар давраи ду соли ахирТ ҒД-и «Зан ва Замин» миёни дигар довталабон аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ягона ғолиб дониста шуд.

«Ташкилоти мо соли 1999 таъсис дода шуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастрасии занони фермер ба заминро таъмин намуда, рушди бахши кишоварзии бисёрсоҳаро дастгирӣ кунад ва ба таблиғи нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ тавассути истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ машғул аст», – иброз дошт Мамадалиева.

Ёдрас мекунем, ки Роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва замин»-и Тоҷикистон Муҳаббат Мадалиева барои ташаббусҳо дар бахши экология ва рушди маҳалҳо ба мукофоти Барномаи рушлди СММ  «Экватор» сазовор гардид. ТҶ «Зан ва Замин» аз ҷониби созмони  Christensen Fund ба сифати довталаб пешниҳод шуда буд.

Ҳамчунин 25 нафар фаъолон ва ташкилотҳое, ки ба масоили ҳифзи табиат дар сатҳи хонаводаҳо машғуланд, низ бо муофотҳо қадрдонӣ шудаанд. Соли равон дар озмун 800 нафар довталабон аз 113 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Маросими тақдими мукофотҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар Рио-де-Жанейро бо дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист ва Барномаи рушди СММ баргузор гардид.

Мамадалиева аз таваҷҷуҳи Барномаи рушди СММ ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки чунин иқдом ба дигар ТҒД баҳри иштироки фаъолона дар рушди ҷомеа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.