Дар ним сол боз 18 ҳазор нафар узви ҲХДТ шуданд

Тайи чанд соли ахир ваколати ҳизбии беш аз 10 ҳазор нафар аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар рафтаанд, боздошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, аксари аъзои ҳизбро, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. […]

Аваз Юлдошев


Тайи чанд соли ахир ваколати ҳизбии беш аз 10 ҳазор нафар аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар рафтаанд, боздошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, аксари аъзои ҳизбро, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. «Пас аз ба ватан баргаштан онҳо метавонанд узвияти худ ба ҳизбро дубора барқарор намоянд», – гуфт ӯ.

Усмон Солеҳ гуфт, тайи солҳои ахир бинобар сабаби ивази макони зист дар ҳудуди кишвар ва ба қайд нагузоштан дар бахши ҳизб бо суроғаи нав, риоя накардани интизоми ҳизбӣ ва рафтори ношоям ҳамчунин боз 10 ҳазор нафар аз узвияти ҳизб хориҷ шудаанд. «Сарфи назар аз омилҳои зикршуда, шумори азъои ҲХДТ сол то сол дар ҳоли афзоиш аст», – гуфт вай.

Номбурда афзуд, айни замон шумори аъзои ҲХДТ ҳудуди 178 ҳазор нафарро ташкил дода, танҳо дар соли равон 18 ҳазор нафар аъзои нав ба узвияти ҳизб пазируфта шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфт. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.