Чорабинии хайрияи Анҷумани сафирони Душанбе дар мактаб-интернати Ҳисор

Чанде қабл дар мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор бо иштироки сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон чорабинии хайриявӣ барпо гардид. Бино ба махлумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 6 майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии Душанбе аз ҷониби Анҷумани Сафирони Душанбе Фестивали байналмилалии хайриявии озуқаворӣ ташкил карда шуда буд. Зимни он аъзоёни намояндагиҳои дипломатӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор бо иштироки сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон чорабинии хайриявӣ барпо гардид.

Бино ба махлумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 6 майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии Душанбе аз ҷониби Анҷумани Сафирони Душанбе Фестивали байналмилалии хайриявии озуқаворӣ ташкил карда шуда буд. Зимни он аъзоёни намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими шаҳри Душанбе, инчунин кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анвои гуногуни хӯрокаи миллии худро ба фурӯш гузоштанд. Шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ва хориҷиён дар ин чорабинӣ ширкат варзида, аз хӯрокаи миллии тоҷик ва таоми кишварҳои хориҷӣ харидорӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Анҷумани Сафирони Душанбе ва дастгирии Бунёди хайриявӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи дар рафти фестивали мазкур дастрасшуда ба мактаб-интернати кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор аз рӯи талаботи онҳо варақаҳои махсус барои чопи китоб барои кӯдакони нобино, дафтарҳо, китобҳо, маводҳои канселярӣ, кондитсионер ва дигар маводи лозима хайрия карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд