Интиқоди прокурори Хатлон аз соҳаи маорифи вилоят

Date:


Прокурори Хатлон соҳаи маорифи вилоятро мавриди интиқод қарор дод.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал прокурори вилоят Сироҷиддин Нуров зикр кард, ки дар соли хониши 2011-2012 551 нафар хонандагон аз таълим дур мондаанд, ки 40 4нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

«Дар ин самт дар вилоят 28 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба падару модароне, ки барои ба мактаб рафтани фарзандонашон монеа шуда буданд, боз шуд», – гуфт ӯ.

Нуров таъкид кард, ки соли равон дар вилоят аз ҷониби ноболиғон 42 ҷиноят содир шуда, қариб нисфи онро кӯдаконе, ки бо таълим фаро гирифта нашудаанд, содир намудаанд.

Прокурор ҳамчунин аз ҷой доштани далелҳои ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳои буҷетӣ дар бахши маориф ва ҳодисаҳои педофилизм миёни омӯзгорон низ изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ ҳамчунин хадамоти назорат оид ба ҳуқуқи ноболиғонро мавриди интиқод қарор дод.

Дар фарҷоми ҷаласа Нуров ба ҳамаи прокуророни шаҳру навоҳии вилоят супориш дод, ки мушкилоти зикршударо таҳти назорат қарор диҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...