Дар ҷамоати Сари Чашма низоми нави обтаъминкунӣ ба истифода дода шуд

Ҳафтаи гузашта аъзои гурӯҳи ҳамкории граждании назди сафорати ИМА системаи обтаъминкунии навро барои сокинони Сари-Чашма ва деҳаҳои ҳамсоя расман супориданд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, соли 2010 обхезии бениҳоят зараровар системаи обтаъминкунии ҷамоати Сари-Чашмаи ноҳияи Шӯроободро, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда буд, хароб кард. Дар натиҷа сокинони ин маҳал бе […]

ASIA-Plus


Ҳафтаи гузашта аъзои гурӯҳи ҳамкории граждании назди сафорати ИМА системаи обтаъминкунии навро барои сокинони Сари-Чашма ва деҳаҳои ҳамсоя расман супориданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, соли 2010 обхезии бениҳоят зараровар системаи обтаъминкунии ҷамоати Сари-Чашмаи ноҳияи Шӯроободро, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда буд, хароб кард. Дар натиҷа сокинони ин маҳал бе системаи обтаъминкунӣ монда буданд.

Ба иттилои манбаъ, низоми нави обтаъминкунӣ, ки аз системаи обтозакунии регию сангӣ иборат буда, қобилияти хлоркуниро дорост, метавонад аз нав ба 6 ҳазор нафар сокинони ҷамоати Сари-Чашма оби тозаро таъмин кунад, ки он ба андозаи хело калон метавонад касалиҳои бо воситаи об паҳншавандаро кам карда, ҳолати саломатии аҳолиро хубтар намояд.

«Сохтмони ин системаи обтаъминкунӣ натичаи кори вазнину фидокорона ва ҳамкории сокинони Сари-Чашма ва сафорати ИМА мебошад», – гуфт аъзои гурӯҳи ҳамкории гражданӣ ҷаноби Девин Конли. Лоиҳаи мазкур яке аз воситаҳоест, ки Вазорати Мудофиаи ИМА ва сафорати ИМА роҳандозӣ мекунанд, то ки ба сатҳи сифати некӯаҳволии мардуми тоҷик беҳбудӣ бахшанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.