Хисороти бахши сайёҳии водии Зарафшон аз марзбандии Ӯзбекистон

Date:


Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев изҳор кард, ки баста шудани гузаргоҳи марзӣ бо Ӯзбекистон миёни шаҳрҳои Панҷакенту Самарқанд ба бахши сайёҳии водии Зарафшон хисороти ҷиддӣ ворид сохт.

Ба гуфтаи вай, гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар водии Зарафшон се сол қабл бидуни мувофиқаву огаҳӣ якҷониба аз тарафи кишвари ҳамсоя баста шуда, аз ин «ташаббус»-и якҷонибаи Ӯзбекистон тиҷорати наздисарҳадӣ миёни кишварҳо зарар дид.

«Созмонҳои сайёҳӣ кайҳо собит кардаанд, ки аз баста шудани марзҳо натанҳо кишвари қабулкунанда, балки кишвари фиристанда ҳам зарар мебинад», – гуфт ӯ.

Файзуллоев таъкид кард, ки соҳибкорону ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар аз ин амали ҳукуматдорони ӯзбек борҳо изҳори тааҷҷубу таассуф кардаанд.

«Мо тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ аз Ӯзбекистон дархост кардем, ки ба таври истисноӣ убури шаҳрвандони хориҷӣ тариқи ин гузаргоҳро иҷоза диҳад, вале то ҳанӯз ҳеҷ посухе нагирифтаем», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, масъалаи мазкур ҳамасола аз ҷониби Тоҷикистон матраҳ мешавад ва изҳори умедворӣ кард, ки бо гузашти вақти муайян ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли равон ҳудуди 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки аз ин миқдор 60 ҳазор нафар тибқи раводидҳои сайёҳӣ омадаанд. Айни замон дар Тоҷикистон 75 адад ширкати сайёҳии ватанӣ фаъолият доранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...