БМТ меъёри бозтамвилро дар сатҳи 6,8%-и солона муқаррар кард

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 1,2 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,8 фоизи солона муқаррар карда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дигаргунии навбатӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию ва бо ин роҳ паст […]

ASIA-Plus


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 1,2 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,8 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дигаргунии навбатӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ворид карда шудааст.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон маротибаи сеюм аст, ки БМТ меъёри бозтамвилро коҳиш медиҳад. Ҳамин тариқ, ахир моҳи март он ба андозаи 1 банди фоизӣ – аз 9%то 8%-и солона, моҳи феврал ба андозаи 0,8 банди фоизӣ – аз 9,8 то 9%-и солона паст карда шуда буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.