Дар роҳи Душанбе-Чаноқ IRS таҷҳизоти санҷиши вазн мегузорад

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун консессионери роҳ бо мақсади пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳ таҷҳизоти муайянкунандаи изофабори мошинҳои гаронвазнро насб менамояд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти IRS, дар ин робита дар километри 72-юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак корҳои насбу васлкунии таҷҳизоти муайянкунандаи изофабори воситаҳои нақлиёт идома доранд. Таъкид мегардад, ки яке […]

Пайрав Чоршанбиев


Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун консессионери роҳ бо мақсади пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳ таҷҳизоти муайянкунандаи изофабори мошинҳои гаронвазнро насб менамояд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти IRS, дар ин робита дар километри 72-юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак корҳои насбу васлкунии таҷҳизоти муайянкунандаи изофабори воситаҳои нақлиёт идома доранд.

Таъкид мегардад, ки яке аз сабабҳои вайроншавии бармаҳали роҳҳо аз меъёри муқарраргардида барзиёд боркунии воситаҳои нақлиёти гаронвазн мебошад.

«Чунин ҳолат дар тамоми роҳу ҷодаҳои кишвар ба мушоҳида мерасид ва натавонист мутахассисони соҳаро бетараф гузорад, – зикр мегардад дар хабари ширкат. – Аз ин рў, бо мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Қарорҳои мазкур тартиби гузариш аз роҳҳои автомобилгард вобаста ба вазну андозаро муайян намуда, тибқи онҳо ҳамасола аз 1 май то 31 август, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рўзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад. Дар фаслҳои дигари сол ва вақти шабонарўз андозаи сарборӣ ба тири меҳвар 10 тонна иҷозат дода шудааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.