Ҳузури вазири мудофиа дар марҳилаи ниҳоии тамринҳои «Ҳифз-2012»

Имрӯз дар машқгоҳи «Тем» воқеъ дар наздикии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ тамринҳои мукаммали низомии фавриву тактикии «Ҳифз-2012» ба анҷом мерасанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар марҳилаи ниҳоии тамринҳо вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ ҳузур хоҳанд дошт. […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар машқгоҳи «Тем» воқеъ дар наздикии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ тамринҳои мукаммали низомии фавриву тактикии «Ҳифз-2012» ба анҷом мерасанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар марҳилаи ниҳоии тамринҳо вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳо рӯзи 3-юми июл шурӯъ шуда, дар он ҷузъу томҳои низомии гарнизони Хоруғ, воҳидҳои сохторҳои қудратии мустақар дар ВМКБ ва ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд.

«Дар тамринҳо нерӯҳои ҳавоӣ, бронетехника ва аслиҳаву муҳимоти оташфишон ҷалб гардида, ба он муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ, сардори ситоди кулли Вазорати мудофиа генерал-лейтенант Рамил Нодиров фармондеҳӣ мекунад», – гуфт ӯ.

Ф.Маҳмадалиев таъкид кард, ки дар тамринҳо ташкили фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ дар баргузории амалиётҳои низомӣ дар шароити баландкӯҳ мавриди омӯзишу амал қарор гирифта, ҳамчунин қобилияту малакаҳои сарбозону афсарони гарнизони Хоруғ санҷида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.