Ҳамрохон Зарифӣ ба конфронси Литва оид ба Афғонистон даъват шуд

Чанде қабл дар ҳошияи «Конфронси Токио оид ба Афғонистон» мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомидин Зоҳидов бо Муовини аввали ёвари Дабири давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷаноби Ҷеффри Пятт баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳо, аз […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар ҳошияи «Конфронси Токио оид ба Афғонистон» мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомидин Зоҳидов бо Муовини аввали ёвари Дабири давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷаноби Ҷеффри Пятт баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, равандҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, барқарорсозии Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ, масъалаи ҳуқуқи инсон ва озодии дин ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар Токио Низомидин Зоҳидов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва ҷаноби Эвалдас Игнатавичюс мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, идоракунии сарҳад, рушди иқтисод дар Афғонистон аз тариқи амалӣ сохтани лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ муҳокима гардиданд. Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ паёми Вазири корҳои хориҷии Литва ба унвони Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ оид ба даъват барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалӣ «Афғонистон ва минтақа: фаъолияти амалӣ барои рушди устувор», ки 14 сентябри соли 2012 дар ш.Вилнюс дар назар аст, супорида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.