Сарвари давлат сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани муҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давдлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди рушди муносиботи […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани муҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давдлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Амрико нақши намоён дошт.

Кен Гросс дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар минтақа муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон самараҳои боз ҳам бештар хоҳанд дошт.

Дипломати амрикоӣ, ҳамчунин аз меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди мардуми Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки ӯ минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Амрико бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.