Семинари мураббии ФИФА бо доварони тоҷик

Дар Душанбе тибқи лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё таҳти унвони «Футуро-3» барои доварони футболи Тоҷикистон семинар оғоз ёфт. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мураббии семинар роҳбари департаменти доварони Федератсияи футболи Қирғизистон, мураббии Федератсияи байнулмилалии футбол ва масъули рушди фаъолияти доварон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Виктор Колпаков аст. Дар чаҳорчӯби давраҳои омӯзишӣ бо доварони тоҷик машғулиятҳои […]

Аваз Юлдошев


Дар Душанбе тибқи лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё таҳти унвони «Футуро-3» барои доварони футболи Тоҷикистон семинар оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мураббии семинар роҳбари департаменти доварони Федератсияи футболи Қирғизистон, мураббии Федератсияи байнулмилалии футбол ва масъули рушди фаъолияти доварон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Виктор Колпаков аст. Дар чаҳорчӯби давраҳои омӯзишӣ бо доварони тоҷик машғулиятҳои назарияву амалӣ гузаронида мешаванд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи семинар дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев ба мураббии ФИФА изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории чунин машғулиятҳо барои доварони тоҷикро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар навбати худ, Виктор Колпков изҳори боварӣ намуд, ки семинар ҳам барои созмондиҳандагон – кумитаи назорати доварони федератсия ва ҳам барои иштирокчиён, бахусус доварони ҷавон, ки дар вохӯриҳои дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон доварӣ мекунанд, муфид хоҳад буд. Семинар рӯзи 13-уми июл анҷом меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.