Мақомоти роҳбарии РБДА ва «Воҳиди махсус» танбеҳ гирифтанд

Date:


Таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҷаласа дар самти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳокима намудани натиҷаи санҷиши пурраи нозиротии фаъолияти оперативӣ-хизматии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр ва натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва интизоми иҷроия дар РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар нимсолаи аввали соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Барои зоҳир намудани фориғболӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат, дуруст ба роҳ намондани фаъолияти ситоди Воҳиди махсуси ВКД, интизоми пасти хизматии ҳайати шахсӣ ба муовини аввали сардори Воҳиди Махсус, полковники милитсия Раҳимов Маҳмадалӣ Қурбонович, ҷазои интизомии танбеҳ эълон карда шуд. Ҳамчунин барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши фаъолият муовини сардори Воҳиди махсуси ВКД полковники милиса Миралӣ Ҷалолов танбеҳ, сардори шуъбаи воҳиди мазкур подполковники милиса Саймуҳаммад Туманов ва командири баталйони Воҳиди махсус подполковники милитсия Азизулло Каримов танбеҳи қатъӣ гирифтанд.

Ҳамчунин ба командирони ротаи баталйони Воҳиди махсуси ВКД Алудин Насриддинов, Ҷӯрабек Кабиров ва Ҳасаналӣ Қурбонов низ танбеҳ эълон карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба сардорони Шуъбаҳои БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода низ чораҳои интизомӣ андешида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхате шахсоне, ки мавриди ҷазои интизомӣ қарор гирифтанд, ному насаби худи сардори Воҳиди махсус генерал-майори милис Ҳабибулло Маҷидов ба чашм намерасад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...