Доминикан узвияти Тоҷикистон ба СУС-ро дастгирӣ кард

Чанде қабл дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан дар бораи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баргузор гардид. Тибқи маълумоти интишоркардаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Салоҳиддин – Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан дар бораи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баргузор гардид.

Тибқи маълумоти интишоркардаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Салоҳиддин – Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ва аз ҷониби Ҷумҳурии Доминикан Луис Мануэл Пиантини Мунних – Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Доминикан дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дигар ташкилотҳои иқтисодии СММ дар Женева имзо карданд.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева бо намояндагони кишварҳои дигари узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо музокирот гузаронида, дар назар дорад, рӯзҳои наздик боз бо як қатор кишварҳои дигар дар масъалаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони мазкур мувофиқат кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.