Донишгоҳи тиббӣ поктарин муассисаи таълимӣ аз фасод арзёбӣ шуд

Date:


Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов бар ин назар аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон поктарин мактаби олии кишвар аз ришваву фасод аст.

«Донишгоҳи тиббӣ дар муқоиса бо макотиби олии дигар дар сатҳи муътадилтаре қарор дорад ва инро дар ҷомеа ҳам эҳсос меунанд», – гуфт Н.Салимов зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин донишгоҳ имтиҳонҳои қабул ба таври мутамарказ тавассути тестӣ аз ҷониби 3-4 нафар гузаронида мешаванд ва ин омил ба пешгирии коррупсия мусоидат мекунад.

«Имрӯз маблағ ба ивази кӯмак барои дохилшавӣ ба макотиби олиро аслан миёнаравҳо мегиранд ва он ҳам аз довталабоне, ки эҳтимоли бо дониши худ қабул шуданашон 70-80%-ро ташкил медиҳад, – изҳор дошт ӯ. – Ҳамин тариқ, ин довталабон бо дониши худ ба макотиби олӣ қабул шуда, ҳатто пай намебаранд, ки миёнарав муфт ба пули онҳо соҳиб шудааст». 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...