Донишгоҳи тиббӣ поктарин муассисаи таълимӣ аз фасод арзёбӣ шуд

Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов бар ин назар аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон поктарин мактаби олии кишвар аз ришваву фасод аст. «Донишгоҳи тиббӣ дар муқоиса бо макотиби олии дигар дар сатҳи муътадилтаре қарор дорад ва инро дар ҷомеа ҳам эҳсос меунанд», – гуфт Н.Салимов зимни нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи ӯ, дар ин донишгоҳ имтиҳонҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов бар ин назар аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон поктарин мактаби олии кишвар аз ришваву фасод аст.

«Донишгоҳи тиббӣ дар муқоиса бо макотиби олии дигар дар сатҳи муътадилтаре қарор дорад ва инро дар ҷомеа ҳам эҳсос меунанд», – гуфт Н.Салимов зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин донишгоҳ имтиҳонҳои қабул ба таври мутамарказ тавассути тестӣ аз ҷониби 3-4 нафар гузаронида мешаванд ва ин омил ба пешгирии коррупсия мусоидат мекунад.

«Имрӯз маблағ ба ивази кӯмак барои дохилшавӣ ба макотиби олиро аслан миёнаравҳо мегиранд ва он ҳам аз довталабоне, ки эҳтимоли бо дониши худ қабул шуданашон 70-80%-ро ташкил медиҳад, – изҳор дошт ӯ. – Ҳамин тариқ, ин довталабон бо дониши худ ба макотиби олӣ қабул шуда, ҳатто пай намебаранд, ки миёнарав муфт ба пули онҳо соҳиб шудааст». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...