Ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон 6,2 ҳазор $ мукофот мегирад

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор шуд, ки ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 бо 30 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 6,2 ҳазор $) ва дастаи мағлуб дар бозии ниҳоӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 рӯзи 5-уми октябр […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор шуд, ки ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 бо 30 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 6,2 ҳазор $) ва дастаи мағлуб дар бозии ниҳоӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 рӯзи 5-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Ғайр аз ин, тасмим гирифта шуд, ки бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷомии олӣ (Суперкубок)-и Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки қаблан бозиҳо барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон ҳамагӣ се маротиба баргузор шуда, дар ҳамаи бозиҳо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастболо шуд.

Дар ҳамин ҳол, ноиби президенти ФФТ Азизбек Раҷабов аз даст кашидани чанде аз дастаҳо барои иштирок дар мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон изҳори таассуф намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.