Фейсбукчиён манъи намоиши филми коргардон Ҷ.Усмоновро дархост карданд

Дар шабакаи иҷтимоии интернетии Facebook як гурӯҳ намояндагони Тоҷикистон бо изҳори ниграонӣ аз вазъи синамои тоҷик ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд. Дар ин робита филми коргардон Ҷамшед Усмонов «Биҳишт фақат барои мурдагон аст», ки дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ наворбардорӣ шудааст, ба сифати намуна оварда мешавад. Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, рақамҳои автомашинаҳо ба макони наворбардории […]

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов


Дар шабакаи иҷтимоии интернетии Facebook як гурӯҳ намояндагони Тоҷикистон бо изҳори ниграонӣ аз вазъи синамои тоҷик ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд.

Дар ин робита филми коргардон Ҷамшед Усмонов «Биҳишт фақат барои мурдагон аст», ки дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ наворбардорӣ шудааст, ба сифати намуна оварда мешавад. Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, рақамҳои автомашинаҳо ба макони наворбардории филм далолат мекунанд.

«Дар ин филм лаҳзаҳои муносибати маҳрамонаи марду зан вуҷуд доранд, ки ба фарҳангу ахлоқи мардуми тоҷик созгор нест ва ҳунарпешае, ки нақши зани тоҷикро бозидааст, аслан хориҷӣ аст», – омадааст дар мактуби фейсбукчиён.

Ба андешаи муаллифони мактуб, дар филм моҳияти мушкилот ва роҳҳои ҳалли он номафҳум буда ё онҳо нодуруст пешниҳод шудаанд.

«Мо, як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дархост мекунем, ки намоиши ин филм дар тамоми кишварҳо манъ карда шавад, – гуфта мешавад дар муроҷиат. – Аз вазири фарҳанг хоҳиш дорем, ки ба ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанд».

Узви Шӯрои илмии Донишгоҳи байнулмилалии Мустафо (Эрон) Саидюнус Истаравшанӣ низ зери ин муроҷиат имзо гузошта, мегӯяд, «ин филм ба меъёрҳои ахлоқу маънавиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик мухолиф аст».

Филми «Биҳиш фақат барои мурдагон аст» соли 2005 ба навор гирифта шуд. Дар филм ҳамчунин овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов низ нақш офаридааст. Дар мусоҳибаҳои худ ба хабаргузориҳо дар робита ба ин масъала Ҷонибек гуфтааст, «ӯ он замон беақл буда, ба суханони коргардон роҷеъ ба зарурати ҷой доштани чунин лаҳзаҳо дар филм бовар кардааст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.