Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ду тан аз ҷавонон ба корманди милиса ҳамла намуда, ӯро бо корд захмӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳодиса чанде қабл дар яке аз мағозаҳои воқеъ дар маҳаллаи Шоҳини шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, Ғолибшо Азимови 20-сола ва Умед Исмоилови 19-сола ба корманди милиса дарафтода, ӯро лату кӯб ва бо ду зарбаи корд ба китфи росташ захмӣ мекунанд.
«Яке аз ҳамлагарон – Ғ.Азимов боздошт шуда, ҳамроҳи ӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», – гуфтанд дар ВКД.



