Мизи гирди «Тоҷикистон: таҷриба ва сабақҳои 15-солагии оштии миллӣ» дар ША

Дар Дафтари Шӯрои Аврупо дар ш. Брюссел бо ташаббуси Сафорат, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо мизи муддавар дар мавзӯи «Тоҷикистон: таҷриба ва сабақҳои 15-солагии оштии миллӣ» баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мизи мудаввар сафирони муқими Белгия, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Паймони нерӯ, доираҳои илмӣ, матбуотӣ, аз […]

ASIA-Plus


Дар Дафтари Шӯрои Аврупо дар ш. Брюссел бо ташаббуси Сафорат, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо мизи муддавар дар мавзӯи «Тоҷикистон: таҷриба ва сабақҳои 15-солагии оштии миллӣ» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мизи мудаввар сафирони муқими Белгия, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Паймони нерӯ, доираҳои илмӣ, матбуотӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотии «EURONEWS» ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Кори мизи мудавварро бо суханҳои ифтитоҳӣ роҳбари дафтари Шӯрои Аврупо Сафир Торберн Фройснес ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев кушода намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудов маърӯзачии асосии мизи мудаввар буда, зимни суханронии хеш ба иштирокчиён дар бораи таърихи ва асосҳои сиёсии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оғози раванди музокирот, нақши кишварҳои кафил, созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Мутаҳид, нақши роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ, механизми татбиқшавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули дигар санадҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Н. Маҳмудов таъкид намуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки он 27 июни соли 1997 дар ш. Москва ба имзо расида буд, ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшид, пойдевори сулҳ ва ваҳдати миллиро гузошт. Созишномаи мазкур барои фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва рушди онҳо низ заминаи ҳуқуқию сиёсӣ гузошт.

Ҳамчунин Н. Маҳмудов қайд намуд, ки сулҳи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои кишварҳои дучори низои дохилӣ, нодиру омӯзандааст ва сулҳи тоҷикон метавонад ба ҳайси намуна хидмат намояд.

Дар рафти кори мизи мудаввар Намояндаи доимии Россия дар Иттиҳоди Аврупо Сафир Владимир Чижов низ баромад намуда таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввали сар задани муноқишаи дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона Россия ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳал намудани он буд ва яке кишварҳои кафил дар музокиротҳо баромад намуд. В. Чижов инчунин нақши нерӯҳои сулҳҷӯёнаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар таъмини сулҳ ва таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон махсус таъкид кард.

Сафири Афғонистон Ҳумоён Тандар дар суханронии худ қайд кард, ки дар ҳақиқат истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон хамчун намуна барои кишварҳои дучори низоъ метавонад хидмат намояд.

Инчунин дар мизи мудаввари мазкур намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Паймони нерӯ ва доираи илмӣ баромад намуданд. Онҳо аҳамияти миллӣ ва байналмилалии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро дар Тоҷикистон таъкид намуданд.

 Ба иштирокчиёни мизи мудаввар филми мустанад «Ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон» нишон дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.