«Соати экологӣ» дар Душанбе рӯзҳои чоршанбеи ҳар ҳафта

Бо қарори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи чоршанбеи ҳар ҳафта дар корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва маҳаллаву микрорайонҳои шаҳри Душанбе «Соати экологӣ» гузаронида мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ҳадаф аз баргузории чрабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи огаҳии сокинони пойтахт аз […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи чоршанбеи ҳар ҳафта дар корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва маҳаллаву микрорайонҳои шаҳри Душанбе «Соати экологӣ» гузаронида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ҳадаф аз баргузории чрабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи огаҳии сокинони пойтахт аз риояи қоидаҳои санитарӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва пардохти саривақтии маблағи ин хизматрасониҳо буда, он бояд бо риояи қатъии қонунгузорӣ ва вақти барои созмондиҳандагон мусоид доир гардад.

Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия ҳамчунин Барномаи дастгирии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014 ва Барномаи ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013 тасдиқ гардиданд.

«Дар иҷлосия қарори раиси пойтахт М.Убайдуллоев «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе», ки баҳри ғановати бозори истеъмолӣ нигаронида шудааст, маъқул дониста шуд», – афзуд котиби матбуотии раиси пойтахт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.