Мушовири президенти ҶТ: Мо гузориши Amnesty International оид ба шиканҷаро эътироф намекунем

Зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев изҳор кард, ки то имрӯз ба мақомоти судии ҷумҳурӣ парвандаҳои ҷиноии марбут ба моддаи нави 143, прим. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ – «Шиканҷа» парвандаҳои ҷиноӣ ворид нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ахири моҳи июн дар Пленуми Суди олӣ дар қатори дигар масоил, масъалаи истифодаи меъёрҳои қонунгузории ҷиноӣ […]

ASIA-Plus


Зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев изҳор кард, ки то имрӯз ба мақомоти судии ҷумҳурӣ парвандаҳои ҷиноии марбут ба моддаи нави 143, прим. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ – «Шиканҷа» парвандаҳои ҷиноӣ ворид нашудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ахири моҳи июн дар Пленуми Суди олӣ дар қатори дигар масоил, масъалаи истифодаи меъёрҳои қонунгузории ҷиноӣ ва мурофиавии ҷиноӣ оид ба мубориза бо шиканҷа низ танзим шуд.

Н.Абдуллоев гуфт, дар яке аз бандҳои қарори мазкур тавсия дода мешавад, ки дар сурати ба мақомоти судӣ ворид шудани шикоят аз истифодаи шиканҷа, суд бояд фавран онро баррасӣ намояд, вале агар барои санҷиши шикоят баргузории чорабиниҳое зарур бошанд, ки дар салоҳияти суд нестанд, шикоят ҷиҳати санҷиши дахлдор ба прокурор фиристода мешавад ва маводи санҷиши шикояту қарорҳои мурофиавии нисбати он қабулшуда дар ҷаласаи судӣ пешниҳод гардида, ба парванда илова карда мешаванд.

«То ворид шудани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ба Кодекси ҷиноӣ парвандаҳои марбут ба ин далелҳо мутобиқи моддаҳои дигар, аз қабили одамкушӣ, барқасдона зарар расонидан ба саломатӣ, то ба худкушӣ оварда расонидан, суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ ва ғайра баррасӣ мешуданд», – таъкид дошт Абдуллоев.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба шарҳи гузориши созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилалӣ (Amnesty International) дар бораи вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов чунин ибрози андеша намуд: «Мо гузориши созмони Афви Байнулмилалиро эътироф намекунем. Дар баробари ин, мо инкор намекунем, ки дар Тоҷикистон мушкилоти шиканҷа вуҷуд дорад, вале ин ҷо сухан сари ҳодисаҳои ҷудогона меравад».

Ба қавли ӯ, ҳам дар замони Иттиҳоди Шӯравиву ҳам дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба масъалаи мубориза бо шиканҷа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. «Ҳадаф аз ворид сохтани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ба Кодекси ҷиноӣ баҳисобгирии омории чунин ҷиноятҳо аст», – гуфт Давлатов.

Ёдрас мекунем, ки дар

гузориши нави Amnesty Internationa

l, ки рӯзи 12-уми июли соли равон интишор гардид, гуфта мешавад, «шиканҷа, латукӯб ва намудҳои дигари бадрафторӣ дар тавқифгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта, дар муҳити фарогири фасод ва бемасъулиятӣ рушд кардаанд».  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.