Раиси Суди олӣ парвандаи Низомхон Ҷӯраевро шарҳ дод

Дата:


Раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бар ин назар аст, ки парванда нисбат ба судяи Суди олӣ Нур Нуров дар чаҳорчӯби қонун сурат мегирад ва Маҷлиси миллӣ ба розигии раиси Суди олӣ ҷиҳати иҷозат додан барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяҳои Суди олӣ эҳтиёҷ надорад.

«Ваколатҳои судя Нуров боздошта нашудаанд, танҳо барои оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба судя ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ иҷозат дода шудааст. Ман ин ҷо ҳеҷ чизи бадеро намебинам, – идома дод раиси Суди олӣ. – Ман бар ин назарам, ки маҳз ҳамин ҳолат давлати демократӣ будани Тоҷикистон аст. Агар касе гунаҳкор ва айби ӯ исбот шуда бошад, пас бояд назди қонун ва мардум ҷавоб бигӯяд».

Дар посух ба суоли хабарнигори бахши тоҷикиии радиои «Озодӣ» бобати он ки агар парвандаи ҷиноии бозшуда нисбати Нуров ба парвандаи исфарагиҳои маҳкумшуда марбут бошад, пас ин маънои зимни баррасии парванда ба иштибоҳ роҳ додани Суди олиро надорад, раиси Суди олӣ гуфт: «Ҳукм нисбат ба 33 нафар исфарагиҳо мавриди амал қарор гирифта, на ман, на судяҳои Суди олӣ ва на корпуси судӣ наметавонем онро зери шубҳа гузорем. Дар робита ба иштибоҳои судя бошад, пас парванда мавриди тафтиш қарор дорад ва дар сурати исботи гуноҳи ӯ, минбаъд суд ба он баҳо хоҳад дод».

Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ба раиси суди олӣ бо чунн суол муроҷиат кард: Оё Суди олӣ розӣ аст, ки феълан парвандаи Низомхон Ҷӯраевро Агентии зиддифасод дубора бозбинӣ дорад ва ба суд намедиҳад?.

Дар посух Н.Абдуллоев изҳор кард: «Ман огаҳ нестам, ки Агентии зиддифасод бо чӣ кор машғул аст. Танҳо ҳаминро медонам, ки айни замон нисбат ба Низомхон Ҷӯраев, ки қабл аз ин мавриди пайгард қарор дошт, тафтишот ҷараён дорад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ ба истеҳсолоти ҷудогона боз шуда буд ва тафтишот  танҳо нисбати Н.Ҷӯраев сурат мегирад».

Дар робита ба суоли дигари хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бобати кадом лаҳза ба иштибоҳот роҳ додан – ҳангоми ба суд ирсол намудани парванда бидуни иштироки Н.Ҷӯраев ва ё ҳозир, ки ҳукм мавриди амал қарор гирифтаву аммо айбномаҳо нисбати Н.Ҷӯраев бозбинӣ мешаванд, раиси Суди олӣ изҳор кард, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки якчанд парвандаҳо дар сурати таъсири манфӣ надоштан ба ҳукми ниҳоӣ метавонанд муттаҳид ё ҷудо карда шаванд ва ин ҷо ҳеҷ ҳолати қонуншикание нест.

«Тафтишот нисбат ба Низомхон Ҷӯраев ҷараён дорад. Пешниҳоди айбу гуноҳ ва далелҳои исботи он вазифаи бевоситаи мақомоти тафтишоти пешакӣ аст», – афзуд Абдуллоев.

Ёдрас мекунем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Н.Ҷӯраев соли 2007 оғоз гардид. Худи ӯ он замон аз кишвар фирор намуда, таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, аммо соли 2009 беш аз 30 нафар ҷонибдорони ӯ ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Яке аз адвокатҳо оид ба ин парванда Солиҷон Ҷӯраев он замон як сабти аудиоиро пешкаш намуда буд. Дар ин сабт судяи Суди Олӣ Н.Нуров изҳор дошта буд, ки ӯро барои содир намудани чунин ҳукми вазнин нисбат ба ин 33 нафар раиси Суди олӣ маҷбур кардааст. Ҳамчунин адвокат гуфта буд, ки парвандаи ҷиноии мазкур сохта буда, хусусияти фармоишӣ дорад.

Пас аз ногаҳон пайдо шудани Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон, Агентии зиддифасод айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшударо дубора мавриди баррасӣ қарор дода, парвандаи ӯро ба суд танҳо бо се моддаи иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки зарари онро ӯ аллакай ҷуброн кардааст. Дар баробари ин ҳабси як зумра шахсони мансабдор оғоз гардид, ки ба даст доштан дар қаллобӣ ё ришваситонӣ дар робита ба ин парванда гумонбар дониста мешаванд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное