Қаламрави Душанбе се баробар васеъ мешавад

То ахири соли равон тамоми корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бояд ба анҷом расонида шаванд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мирзоҳисайн Султонов. Ба гуфтаи вай, Нақшаи генералии шаҳри Душанбе солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби меъморони маъруфи шӯравӣ таҳия гардидааст, аммо бо назардошти шароити […]

Пайрав Чоршанбиев


То ахири соли равон тамоми корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бояд ба анҷом расонида шаванд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мирзоҳисайн Султонов.

Ба гуфтаи вай, Нақшаи генералии шаҳри Душанбе солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби меъморони маъруфи шӯравӣ таҳия гардидааст, аммо бо назардошти шароити имрӯза, зимни тасҳеҳ аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ба он тағйироти назаррас ворид карда мешавад.

«Тибқи Нақшаи нави генералӣ, қаламрави пойтахт аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Ваҳдату Ҳисор ва Рӯдакӣ се баробар, яъне аз 12,6 ҳазори кунунӣ то ба 36 ҳазор гектар васеъ мегардад», – гуфт ӯ.

М.Султонов гуфт, ҶСК «Гипрогор»-и Маскав, ки моҳи июни соли 2009 дар тендер ғолиб омада буд, ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе машғул аст.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, танҳо баъзе қисматҳои шаҳр мавриди тасҳеҳи пурра қарор мегиранд. Арзиши тасҳеҳи Нақшаи генералии пойтахт, ки соли 1983 қабул шуда буд, 414 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумат, тайи панҷ соли ахир аз ҷониби ҳукумат беш аз 30 нақшаи генералии шаҳру марказҳои ноҳия таҳия ва маъқул шуморида шуда, айни замон ҷараёни таҳияи Нақшаҳои генералии боз 10 шаҳру навоҳӣ идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.