Дар сохтмони «Роғун» танҳо корҳои барқароркунӣ идома доранд

Изҳороти Ӯзбекистон роҷеъ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Тоҷикистон ва ба инобат нагирифтани уҳдадориҳо дар назди Бонки ҷаҳонӣ асоси воқеӣ надоранд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидов. «Он ҷо танҳо корҳои барқароркунӣ идома дошта, ҳеҷ як иншооти наве сохта намешавад», […]

Пайрав Чоршанбиев


Изҳороти Ӯзбекистон роҷеъ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Тоҷикистон ва ба инобат нагирифтани уҳдадориҳо дар назди Бонки ҷаҳонӣ асоси воқеӣ надоранд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидов.

«Он ҷо танҳо корҳои барқароркунӣ идома дошта, ҳеҷ як иншооти наве сохта намешавад», – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи вай, дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар баробари бинокорон коршиносони мустақили байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои баҳодиҳӣ ба лоиҳа киро шудаанд, низ фаъолият доранд.

Дар ҳамин ҳол, Н.Саидов таъкид кард, ки соли равон барои бунёди сарбанди нерӯгоҳ маҷрои дарёи Вахш баста намешавад.

«Пеш аз бастани маҷрои рӯдхона, пурра ва босифат анҷом додани сохтмони ду нақби обпарто зарур аст, – қайд кард ӯ. – Айни замон корҳои сементкунии такрории деворҳои нақб ба сомон расонида мешаванд. Ин вақти зиёд ва маблағҳои иловагиро талаб мекунад, аммо корҳои мазкур, ки шояд то ахири сол ҳам анҷом наёбанд, ба устувории ин иншоот эътимод мебахшанд».

Ба қавли ӯ, ҳамчунин то ҳол корҳои асосӣ дар дохили толорҳои мошиниву трансформатор ба итмом нарасидаанд. «Мо аввал ин корҳоро бояд бо сифати хуб анҷом дода, сипас ба бастани маҷрои дарё шурӯъ намоем», – изҳор дошт Н.Саидов.

Ба қавли номбурда, таҷҳизот барои ду агрегати нерӯгоҳ қариб пурра дастрас шудааст. «Мо бо корхонаи истеҳсолкунанда мувофиқа ҳосил кардем, – иброз дошт ӯ. – Айни замон таҷҳизоту қисмҳои боқимонда тавассути нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ оварда мешаванд. Ҳамлу нақли бор тавассути ин навъи нақлиёт албатта, хароҷоти иловагиро тақозо мекунад, лекин мо илоҷи дигар надорем. Бо сабабҳои маълум тариқи нақлиёти роҳи оҳан интиқол додани таҷҳизот тавассути қаламрави Ӯзбекистон ғайриимкон аст».

Н.Саидов афзуд, айни замон дар майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо шумули хориҷиён беш аз 8 ҳазор нафар машғули коранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.