Низоми нави вуруди нақлиёт ба қаламрави Ӯзбекистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки аз 1-уми августи соли 2012 барои воситаҳои нақлиёти хориҷӣ низоми нави иҷозати вуруд ва транзит тавассути қаламрави Ӯзбекистон ҷорӣ мегардад. Муовини аввали сардориХадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки барои анҷом додани ҳамлу нақли бор тавассути қаламрави Ӯзбекистон […]

ASIA-Plus


Хадамоти гумруки Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки аз 1-уми августи соли 2012 барои воситаҳои нақлиёти хориҷӣ низоми нави иҷозати вуруд ва транзит тавассути қаламрави Ӯзбекистон ҷорӣ мегардад.

Муовини аввали сардориХадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки барои анҷом додани ҳамлу нақли бор тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба ширкатҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли хориҷӣ зарур аст, ки пешакӣ ба Агентии нақлиёти автомобилӣ ва дарёии Ӯзбекистон муроҷиат намоянд. «Қаблан чунин иҷозатнома бевосита дар марз дода мешуд», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, баррасӣ ва додани иҷозатномаҳо мутобиқи қонунгузории Ӯзбекистон ва созишномаҳои дуҷониба сурат мегирад. Вуруди воситаҳои нақлиёти боркашон ба қаламрави Ӯзбекистон бидуни иҷозатномаи дахлдор манъ аст.

То мавриди амал қарор гирифтани қоидаҳои нав, вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон тибқи реҷаи ҷорӣ бо пардохти боҷ барои вуруд амалӣ мегарданд.

Бино ба маълумоти хабаргузориҳо бо истинод ба намояндагони Вазорати наклиёти Тоҷикистон, қарори ҳукуматдорони ӯзбек дар бораи манъи вуруди воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ба қаламрави Ӯзбекистон бидуни иҷозатнома ба меъёрҳои байнулмилалӣ мухолиф аст. Ба гуфтаи сардори Раёсати нақлиёти автомобилии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Абдулфайз Ҷалилов, ин амалҳои Тошканд метавонад ба коҳиши назарраси воридоти маҳсулоти ғизоӣ ба Тоҷикистон тавассути мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фура) аз Эрону Туркия боис гардад.

«Ҳамлу нақли бор ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон бо ду хатсайр – Пахтаобод (Турсунзода) ва Ойбек (вилояти Суғд) амалӣ мегардад. Ҳамарӯза тавассути ин хатсайрҳо ҳудуди 60 адад автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм вориду хориҷ мешаванд. Дар сурати аз ҷониби Ӯзбекистон ҷорӣ шудани низоми нави иҷозатномадиҳӣ, кам шудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути ин хатсайрҳо аз эҳтимол дур нест, аммо ширкатҳои машғул ба ҳамлу нақли бор метавонанд аз хатсайри алтернативӣ тавассути Афғонистон истифода кунанд, ки масофааш нисбатан кӯтоҳтару вақт ҳам камтар сарф мешавад. Транзити бор ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Афғонистон дар ҳоли афзоиш буда, бо ин роҳ ба Тоҷикистон аз Покистон бештар маҳсулот ворид мегардад», – гуфтааст ба рӯзноманигорон вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.